Рӯз то рӯз эҳтироми ман ба ин зани - TopicsExpress



          

Рӯз то рӯз эҳтироми ман ба ин зани далер меафзояд. Бисёр рӯҳи беқарор ба қалби саршор аз муҳаббат ба инсонҳо дорад. Иродааш барои садҳо мард кифоят мекунад. Дар роҳе, ки дар зиндагӣ интихоб карда аст, он қадр исрор меварзад ва пофишорӣ мекунад, ки ҳар мухолиф ва мунтақидашро чи аз мард ва чи аз зан бечора мекунад. Ва албатта чун ҳар муборизи дигар он қадар фишор, тавтиъа, тӯҳмат ва бӯҳтонҳоро таҳаммул карда аст ки шумор надорад. Худо нигоҳат дорад, эҷеи азиз, Токтойм! Зимнан бигӯям, бисёр касоне (аз он ҷумла тоҷикони ҳамқавмаш), ки дар вақти тавонойӣ ва тавонгарии Равшан Собиров дар атрофаш парвона буданд ва аз ҳар роҳу тариқе ӯро «мехурданд», имрӯз сар дар мағокҳои худ фурӯ бурдаанд ва дам намезананд. Аммо хонуми Токтойим ҳич вақт ҳич тамаъе аз Равшан надошта ва надорад. Ӯ ҳатто ҳоло низ танҳо вакили иҷтимоъии (общественный защитник) Равшан Собиров аст. Яъне ҳич дастмузде аз ӯ дарёфт намекунад. Урматтуу жана кымбаттуу эжебиз, Сизге чоң респект. Биз Сизди аябай жакшы көрөбүз. Ушул кыйын заманда Сизге Кудай Таала жардам берсин. news.mail.ru/inworld/kyrgyzstan/society/14049025/?frommail=1
Posted on: Thu, 25 Jul 2013 11:48:17 +0000

Trending Topics



Recently Viewed Topics




© 2015