Хислати каждум ба ҳама - TopicsExpress



          

Хислати каждум ба ҳама маълум Ниёгонамон дар бораи ақлу хирад, ҷавонмардию хештаншиносӣ, ватандориву ватандӯстӣ ва амсоли инҳо пандномаҳо офаридаанд, ки то ба имрӯз аз ин ганҷинаҳо аҳли башар истифода мебаранд. Аммо чӣ расида, ки бархе аз ҳамватанони мо дур аз Ватан санги маломат ба миллати хеш мезананд ва худро "ватандору ватандӯст" вонамуд месозанд. Ҳол он ки шоири бедордил барҳақ фамуда: Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам, Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳар ду. Он мушкилӣ ва он сангиниҳои талхи ахиран бар сари миллати тоҷик омадаро ҳар як тоҷики бонангу ор медонад ва ҳоҷат ба такрор нест… Президенти кишвар дар чандин баромадҳояшон ин нуктаро ба такрор таъкид кардаанд, ки ҳар як шахси ватандӯст бояд таърихи гузаштаи худро донад ва аз гузаштаи худ ибрат гирад, дӯстро аз душман фарқ карда тавонад, зеро имрӯз душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу баҳона мехоҳанд, ки ин миллати боҳамомадаро шӯронанд ва мақсадҳои нопоки худро дигарбора роҳандозӣ кунанд. Мардуми тоҷик дигар он мардуми солҳои 90 - уми асри гузашта нест, ки ба он мансабталошони ғаразманд ва дар гуфтор ватандӯсту миллатдӯст, аммо дар сират бадхоҳу душмани миллат пайравӣ кунад. Мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик аз ниёгони хеш пандномаи "Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро"- ро мерос гирифта, шиори зиндагии хеш сохтааст. Ҳамин хислати наҷиби тоҷиконаамон буд, ки баҳам омадем ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон баъди хориву зориҳо дар бунёд, ташаккул ва устувории давлатдории навини тоҷикон бо амри нангу номуси ватандориву ватанхоҳӣ ва ҳувияти миллӣ собитқадамона ва ҳам бо дили пуру садоқати бепоён гом мениҳем. Ҳанӯз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан, Сарвари давлат ба он бародароне, ки дар паси сангарҳо буданд, муроҷиат намуда, ба сулҳу оромии кишвар даъват мекарданд. Бар хилофи пиндошти бадхоҳони миллату давлат ақли солим ғалаба кард. Бахшидани гуноҳи якдигар амали инсони комил ва яке аз рукнҳои ҷавонмардист. Дар ин росто сухан дар бораи шахсе меравад, ки худро "ватандор"-у "ватандӯст" ва ҳақиқатнигори сарсупурдаи миллати тоҷик муаррифӣ мекунад. Тайи 20 сол мешавад дур аз Ватан санги маломат ба миллати хеш мезанад. Дар расонаҳои хориҷӣ (маблағҳои ҳангуфт супурда ё гирифта?!) ҳарфи беҷо мезанад, тоҷику тоҷикистониёнро гӯиё дар зулматмонда муаррифӣ мекунад ва худ як бор намеандешад, ки дар ин миён модари 82-солаи ӯ низ дар ҳамин хонаи ба гуфти ӯ "зулматзада" нафас мекашад. Модаре, ки номаш ҳамрадифи исми Ватан аст, беш аз 20 сол аст, ки аз ғамхорӣ ва нигоҳубини Додоҷони "ватандор", "соҳибватан" ва "миллатдӯст", яъне "модардӯст" маҳрум аст. Аммо, ҳайҳот, шояд фарзанди "ватандораш" дар тарабхонаҳои бошукуҳ субҳона ме-хӯраду… Он амалҳое, ки ин рӯзноманигори "ватанпараст" ба худ раво дидааст, аз разолат, нотавонбинӣ ва ноҷавонмардиву ноодамии ӯ дарак медиҳад. Рӯзноманигор бояд сар то по намунаи ибрати дигарон бошад, на хоре ба чашми ҷомеа. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ - ин орифи нотакрори башарият гӯиё дар ҳаққи Додоҷон Атовуллоеву ӯ баринҳо фармуда: Он суханҳои чу мору каждумат Мору каждум гашту мегирад думат.
Posted on: Mon, 15 Jul 2013 09:43:29 +0000

Trending Topics



Recently Viewed Topics




© 2015